Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, имрӯз дар ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон иброз доштанд, ки мо бояд боғ бунёд намоем, табиатро ҳифз кунем ва барои гул-гулшукуфоии Ватани маҳбубамон саъю талош намоем.
— Чунон ки Президенти мамлакат дар Паёмашон зикр карданд, гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст.
Раиси вилоят таъкид карданд, ки ҳар яки моро зарур аст, то барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ба роҳ монем ва ба хотири наҷоти табиат ва инсоният корҳои назаррасеро ба анҷом расонем.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло» наздики 200 нафар иштирок карда, 1500 бех дарахти ҳамешасабз шинонида шуд.
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.
Қобили зикр аст, ки бо супориши раиси вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорию созандагӣ, нишолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат бахшида, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида шуда истодааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон