БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи дусолаи озуқаворӣ ва истифодаи самараноки замини таъиноти кишоварзӣ, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ сокинони шаҳри Бохтар тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

​Имрӯз, 25 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз истифодабарии самараноки замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллаи Навободи шаҳри Бохтар Раҷабов Умаралӣ ва Ҳамзаев Валиҷон, ки дар он сабзавоту кабудиҳо барои таъминоти рӯзмарраи оила ва бозор парвариш менамоянд, боздид намуданд.

Қитъаи замини наздиҳавлигии Умаралӣ Раҷабов аз 0,16 гектар иборат буда, 0,05 гектари онро зери сохтмон ташкил медиҳад. Дар масоҳати 0,07 гектари замини наздиҳавлигӣ парвариши помидори барвақтиро дар 3 гармхона ба роҳ мондааст.

​​Қобили зикр аст, ки оилаи мазкур айни замон рӯзгор ва зиндагии худро аз ҳисоби деҳқонӣ касби ошпазӣ пеш бурда истодаанд.

Қитъаи замини наздиҳавлигии сокини кӯчаи Навободи шаҳри Бохтар Ҳамзаев Валиҷон бошад, аз 0,12 гектар иборат буда, 0,06 гектар зери сохтмон ва истифодаи иҷтимоӣ мебошад. Дар масоҳати 0,06 гектари замини наздиҳавлигӣ, дар 3 гармхона обчакорӣ ва парвариши помидор ва кабудиҳо гузаронида шудааст.

Истифодаи мақсадноку самараноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам меорад, ки ин оилаҳо ҳосили фаровони барвақтии сабзавот, аз қабили бодирингу помидор ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро баланд ва дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад.

Дар назди ҳавлӣ бунёд кардани гармхонаҳо манфиатовар буда, шароит фароҳам меоварад, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо бодирингу помидори истеҳсоли худӣ қонеъ гардонда шавад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, ки самараи хуб медиҳанд баҳои баланд дода, таҷрибаи онҳоро дар рӯёнидани ҳосили барвақтии помидору бодиринг ва ғайра дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.

Зимни сӯҳбат бо раиси вилоят сокинон таъкид доштанд, ки онҳо аз гармхонаҳои назди ҳавлиаш 2-3 маротиба ҳосили сабзавот мерӯёнанд ва аз ҳисоби ин ҳар сол фоидаи хуб ба даст меорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles