ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ШУД

26 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» доир шуд.

Фестивали мазкур тибқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Дар номинаи «Шаҳри беҳтарин» ҷойи якум насиби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ҷой дуюм шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон гардид.

Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар номинаи «Ноҳияи беҳтарин» сазовори ҷойи якум гардида, ноҳияи Данғара ҷойи дуюм ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм шуд.

Дар озмуни мазкур вилояти Суғд ҷойи якум, вилояти Хатлон сазовори ҷой дуюм шуд.

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» шуруъ аз соли 2019 дар ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

“Хатлон”

Related Articles