ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Имрӯз, 26 апрел, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар қабули сайёр 10 нафар шаҳрвандон оид ба
тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмини ашёи хом барои коргоҳи адрафбофӣ, дарёфти гранти раиси вилоят, кӯмак барои табобат, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, таъмини аробачаи маъюбӣ, кашидани хатти барқ, мусоидати барои хатти оби нӯшокӣ, гирифтани қитъаи замин барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, ба ниёзмандон кӯмаки пулӣ ва ба модари беморе, ки ба аробача маъюбӣ ниёз дошт, аз ҷониби раиси вилоят аробача тақдим гардид.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳалли мушкилоти мардум яке аз вазифаҳои авлавиятноки мақомоти маҳаллӣ мебошад ва дар ин замина тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд.

Сокинон аз ин иқдоми раиси вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин қабули шаҳрвандон имконият медиҳад, ки масъалаҳои онҳо мустақиман ба роҳбарияти вилоят расонида шаванд.

Бо итминон изҳор гардид, ки масъалаҳои пешниҳодшуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои ҳалли онҳо кӯшишҳои ҳамаҷониба ба роҳ монда мешаванд.

Инчунин, раиси вилоят бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суҳбат намуда, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, дохилшавии хатмкунандагон ба макотиби олӣ, тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, вусъати киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, маданияти истифодабарии замин, коркарди маҳсулоти кишварзӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳо барои сайёҳон, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ карданд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles