Имрӯз, 25 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи ҳафтошёна барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шинос шуданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол беш аз 90 фоизи корҳо ба анҷом расида, ташкили корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулкорӣ дар ҳудуди бино бомаром идома дорад.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар вилоят маҳсуб ёфта, дар он беш аз 20 ҳазор донишҷӯ дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бо дар назардошти ин, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтмимоии донишҷӯён тасмим гирифта шуд, ки дар донишгоҳ хобгоҳи нав бунёд карда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи сохтмони бинои 7-ошёнаи хобгоҳ аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе барои 460 нафар донишҷӯён таҳия гардидааст.
Хобгоҳи нав аз толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаи курси тақвият додани маҳорати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, анбори нигоҳдории маводҳои хобгоҳ ва дар масоҳати умумии 5810 м2 ҳуҷраҳои хоби донишҷӯён иборат хоҳад буд.
– Бунёди хобгоҳи нав метавонад эҳтиёҷоти донишҷӯёни ба хобгоҳ ниёздоштаро то андозае бартараф намуда, мушкилоти саривақт ҳозиршавии донишҷӯёнро ба машғулиятҳоро ҳал кунад, – зикр намуданд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Гуфта шуд, ки назорати ҳамешагии масъулон дар вақти фориғ аз дарсҳои нақшавӣ, ташкили дарсҳои иловагӣ метавонад боиси самаранок истифодабарии вақти ҷавонон гардида, пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои гуногун гардад.
Инчунин, раиси вилоят аз варзишгоҳи донишгоҳ, ки миёни омӯзгорони факултетҳо мусобиқаи футбол ҷараён дошт, боздид намдуда, бо омӯзгорон суҳбат намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон