БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ПАРВАРИШИ ПОМИДОРИ БАРВАҚТӢ, НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ВА ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

Имрӯз, 25 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Саричашмаи шаҳри Бохтар, дар заминҳои филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо парвариши помидори барвақтӣ ва нашъунамои картошка шинос шуданд.

Сипас, раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос гардида, аз намоиши тухмиҳои селексионии Филиали институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ дар вилоят боздид намуданд.

Дар шароити ҷумҳурии камзамини мо танҳо тавассути истифодаи пурмаҳсули тухмиҳо ва нигоҳубини дурусти зироатҳо ҳосили дилхоҳ гирифта, амнияти озуқавориро таъмин намудан имконпазир аст. Аз ин рӯ, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзиро вазифадор карданд, ки якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии баландсифати ба иқлим мутобиқ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини Институт, ки самараи хуб медиҳанд, баҳои баланд дода, таҷрибаи онҳоро дар рӯёнидани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles