Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар вилоят арзёбӣ гардида, ҳаҷми он дар вилоят аз чор як ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавиро ташкил медиҳад. Соли равон барои кишоварзон соли хеле пурфайзу бобарор буд. Натиҷаи ҳамин буд, ки бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан сабзавоту меваҷот ва гушту тухм пурра таъмин гардида, нархи онҳо дар бозори истеъмолӣ муътадил нигоҳ дошта шуд.
Дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ нақши соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок ва пешбаранда ба ҳисоб меравад.
Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷӯҳи хосса ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тақвиятёбии истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, технологияҳои муосири кишту парвариши зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифату баландҳосили репродуксионӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва дар маҷмӯъ таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ такони ҷиддӣ бахшида, афзоиш ва суръати рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ таъмин гардида истодааст.
ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҲАР ЯК ВАҶАБ ЗАМИН
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ кишоварзони вилоят ба ғайр аз заминхои кишоварзӣ, ки дар гардиш қарор доштанд, илова дар майдони 22054 гектар заминҳои байни қаторҳои боғу токзорҳо, чарогоҳҳои барои кишт мувофиқ ва партов кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузарониданд, ки ҷиҳати афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори истеъмолӣ мусоидат намуд.
Ғайр аз ин, дар майдони 132,3 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ низ ба роҳ монда шуд, ки айни ҳол ҳосили рӯёнидаи онҳо файзу баракати дастархони ҳар як хонадони ҷумҳурӣ мебошад.
Бобати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аз як замин гирифтани се-чор ҳосил, ташкили гармхонаҳо, беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоxагидории вилоят дар майдони 53,8 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 2693,8 тонна сабзавот, аз ҷумла 1203,7 тонна помидор, 560,9 тонна бодиринг, 929,2 тонна дигар сабзавотҳо, инчунин дар майдони 775 гектар гармхонаҳои мавсимӣ фаъолият дошта, 399,1 гектар дар бахши ҷамъиятӣ ва 375,9 гектар дар бахши аҳолӣ рост омада, давоми соли 2023 аз ин майдон 27299 тонна сабзавотҳои барвақтӣ истеҳсол гардида, дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда шуд, ки ҷиҳати танзими нарх дар бозорҳо мусоидат намуд.
Соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 434315 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 192167 гектар ғалладонагиҳо, 134637 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 123251 гектар пахта, 36998 гектар сабзавот, 11762 гектар картошка, 16105 гектар полезӣ ва 42646 гектар (аз он 23467 гектар алафҳои бисёрсола солҳои гузашта) зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 511 гектар зиёд мебошад.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ дар майдони 22054 гектар, аз ҷумла 11616 гектар байни боғу токзорҳо, 5717 гектар чарогоҳхо, 2109 гектар заминҳои партов ва 2612 гектар заминҳои зери сохтмони мелиоративӣ қарордошта кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузаронида шуд.
Натиҷаи меҳнати пурсамаи кишоварзон боис гардид, ки нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, хусусан дурнамои истеҳсоли сабзавот 106 фоиз, полезӣ 106,2 фоиз, меваҷот 116 фоиз ва ҷамъоварии пахта 100,0 фоиз таъмин гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 95,6 ҳазор тонна, полезӣ 58,4 ҳазор тонна, меваҷот 36,7 ҳазор тонна, картошка 11,4 ҳазор тонна, гушт 28,8 ҳазор тонна, шир 25,1 ҳазор тонна, тухм 8708 ҳазор дона, асал 17,5 тонна, моҳӣ 681 тонна зиёд истеҳсол гардид, ки то 60 фоизи таъминоти бозори истеъмолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2023-ум ғалладона 1023423 тонна, пахта 224687 тонна, картошка 217137 тонна, сабзавот 1702479 тонна, полезӣ 719646 тонна, мевагиҳо 266983 тонна, ангур 86179 тонна, 737681 тонна хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока ва 28873 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва гулҳо истеҳсол гардид, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши ҳаҷми истеҳсоли сабзавот 95601 тонна, полезӣ 58423 тонна, мева 36708 тонна, хӯроки чорво 25550 тонна ва ниҳолу кӯчат 4153 ҳазор бехро ташкил медиҳад.
Сардиҳои моҳҳои декабри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ ба истеҳсоли ғалладона ва ангур таъсири манфии худро расонид.
Новобаста аз ин, саҳми вилояти Хатлон дар сатҳи ҷумҳурӣ вобаста ба ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 56,3 фоиз, истеҳсоли ғалла 61,8 фоиз, пахта 66,2 фоиз, сабзавот 59,5 фоиз, полезӣ 74,7 фоиз, меваҷот 42,1 фоиз, ангур 49,1 фоиз, гoшт 59,5 фоиз, шир 51,0 фоиз, пашм 65,9 фоиз ва моҳӣ 72,0 фоизро ташкил медиҳад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон