ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 5 май, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳ, бархе аз сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи корӣ аз ҷониби раиси вилоят аз масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва сохторҳои марбута вобаста ба масъалаҳои мубрами давлатӣ ва хизматӣ пурсиш ба амал оварда шуда, оид ба ҳалли онҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба масъалаҳои дарави алафҳои табиӣ, юнучқа ва омодагӣ ба дарави ғалладонагиҳо, захираи хуроки чорво барои зимистони солҳои 2025-2026, таҳти назорат ва корбарӣ қарор додани агротехникаи парвариши зироати асосӣ-пахта ва таъмини дурнамои кишти он, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, парвариш ва омодагӣ ба қабули пилла, мубориза бар зидди малах, ҷамъоварии саривақтии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии талафоти қувваи барқ, таъмини босифати маҷмуи нақшаи андозҳо ва қисми даромади буҷети маҳаллӣ, тоза кардани селпартовҳо дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо маҳаллаҳо ва оилаҳои осебпазир, тозагӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дар маҳаллаҳо ва деҳот, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандустии ҷавонон, иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорони шаҳру ноҳияҳо дар озмунҳо суханронӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид шуд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани вилоят ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ таъмин карда шавад.

Гуфта шуд, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, пахта ва ғалладонагиҳо ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles