МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИИ ХАТЛОН БА ХОРИҶИ КИШВАР СОДИРОТ МЕШАВАД

Бо мақсади густариши содироти маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, 12 мошини боркаш ба самти се кишвари хориҷӣ — Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон равон гардиданд. Ин содирот аз ҷониби филиали корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” дар назди Агентии содиротии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротӣ 222 тонна мебошад, ки аз ҷумлаи он 100 тонна пиёзи барвақтӣ, 100 тонна зардолу, 22 тонна лаблабу ва миқдори муайяни карамро дар бар мегирад.
Маҳсулот аз ноҳияҳои Қубодиён, Ҷайҳун, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ ва Шаҳритус ҷамъоварӣ гардида, барои бозорҳои хориҷӣ омода ва борбандӣ шудаанд.
Ин иқдом дар доираи татбиқи сиёсати содиротӣ ва дастгирии кишоварзони мамлакат сурат гирифта, ба рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии маҳсулоти табиии Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
«Хатлон»

Related Articles