ЭЪЛОН: 500 000 СОМОНӢ ГРАНТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА СОҲИБКОРЗАНОН

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 апрели соли 2025, №95 «Дар бораи таъсис додани гранти раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2025» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон озмуни гранти раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд.

– 2 грант дар ҳаҷми 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ
– 6 грант дар ҳаҷми 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ
– 22 грант дар ҳаҷми 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ

Вобаста ба ин аз занҳои соҳибкор хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гирифтани гранти раиси вилоят аз 2 май то 2 июни соли 2025 ба унвонии Комиссияи грантии вилоят, ба суроғаи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод намоянд.

ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДАРХОСТ:

Тартиби ба расмият даровардани шакли дархост тибқи замима муайян карда мешавад (намунаи дархост замима мегардад).

Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз чопи эълон дар воситаҳои ахбори омма шурӯъ мегардад.

Дархостҳои барои иштирок дар озмун пешниҳод шуда аз ҷониби комиссия дар давоми ду моҳ пас аз анҷомёбии муҳлати қабули дархостҳо баррасӣ мегарданд. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи грантии занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки ба озмун пешниҳод шудаанду аз он нагузаштаанд, баргардонида намешаванд.

Дархостҳо тибқи намунаи муқарраргардида ба расмият дароварда нашудаанд, аз ҷониби комиссия баррасӣ карда намешаванд.

Танҳо 30 (сӣ) лоиҳаи грантии беҳтарин маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои ба нақша гирифташуда муайян карда мешавад.

Байни раёсат ва занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки лоиҳаҳои грантиашон дар озмун ғолиб омадаанд, оид ба татбиқи лоиҳаи грантӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида мешавад, ки дар он уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд.

Муҳлати қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун аз 2 май то 2 июни соли 2025-ро дар бар мегирад.

Related Articles