ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

Имрӯз, 4 май, дар доираи таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар бинои маъмурии Раёсати андози вилояти Хатлолн ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар кори ҷамъомад муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, сардори Раёсати андози вилоят Ҷурабеки Ҷумъа ва кормандони нозироти андоз вилоят ширкат намуданд.
Нахуст муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин суханронӣ намуда, паёми табрикии раиси вилояти Хатлонро ба кормандони мақомоти андоз расонида, онҳоро ба иди касбиашон таҳният гуфт. Номбурда оид ба дастгирии давлатии соҳа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, аз саҳми мутахассисон дар ғанигардонии буҷети давлатӣ ёдовар шуд.
Дар ин рӯз ба пешсафони фаъолият барои ноил гардидан ба дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ, гузоштани саҳми арзанда дар ҷамъоварии андозҳо, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба муносибати рӯзи кормандони мақомоти андоз бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ва Раёсати андози вилоят тақдим карда шуд.

Related Articles