ЁВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТИИ ДОРОИ 84 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ЁВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТИИ ДОРОИ 84 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ

Имрӯз, 15 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Истиқлолият — 25” ба маблағи 8,1 миллион сомонӣ, иборат аз 9 ошёна бо пенхаус, 84 манзили истиқоматӣ (41 манзили якҳуҷрагӣ, 41 манзили дуҳуҷрагӣ, як манзили сеҳуҷрагӣ ва як манзили чорҳуҷрагӣ) бунёд гардидааст.

Масоҳати зери сохтмон 697,0 м2, масоҳати умумии қитъаи замин 1330,0 м2, ҳаҷми бино 22330,5 м3 мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2019 оғоз гардида, дар рафти сохтмон зиёда аз 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Бо бунёд гардидани ин истиқоматгоҳи баландошёна як гӯшаи шаҳраки Ёвон ободу зеботар гашта, 84 оила бо манзили зист ва шароити хуби зиндагӣ таъмин хоҳанд гашт. Ҳамчунин, пас аз баистифодадиҳӣ зиёда аз 12 нафар сокинони шаҳрак ба ҷойи кор таъмин мекарданд.

Саҳни ҳавлии иншоот сафолакпӯш карда, дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо, инчунин чароғакҳои равшанкунанда ва ороишӣ дар бино ҳусни дигар зам мекунад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисону коргарон баҳои баланд доданд.

Шуъбаи итттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles