БАЛҶУВОН. МАҚБАРАИ МАВЛОНО ҚУТБИДДИНИ НИШОПУРӢ

Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ дар қисмати ҷанубии маркази ноҳияи Балҷувон, дар деҳаи Оличадараи боло ҷойгир аст. Он аз маркази ҷамоати Сафар Амиршоев 5 км ва аз маркази ноҳия тақрибан 14 км дур аст. Ба он тавассути роҳи харобшуда аз маркази ҷамоат расидан мумкин аст.

Мазор ё ин ки оромгоҳ аз хишти пухтаи бо сифати хуб чиндашуда иборат буда, дар маркази он ба таври арка, нимдоира даромадгоҳ воқеъ аст. Даромадгоҳи он бо дари дутабақаи кандакоришуда оро дода шуда аст. Тирезаҳои он ба таври арка, нимдоира бо панҷараҳои чубӣ оро дода шудааст.

Масоҳати мақбара 1.15 га буда, он дар асри XVI сохта шуда, аз оромгоҳ иборат буд, ки бо мурури замон хароб гашта, соли 2003-юм аз нав барқарор карда шудааст. Дар дохили мақбара ду қабр ҷоигир шудааст ва болои онҳо бо матои сабз пушонида шудааст. Сақфи бинои мақбара аз чӯб ва рангҳои гунонгун гулкорӣ карда шудааст.

Related Articles