ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР

ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР

9-уми июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо лоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринологияи вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар шинос гардид.

Зимни муаррифиилоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринологияи вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иттилоъ дода шуд, ки ин ташаббус бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар роҳандозӣ мегардад. Беморхонаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маблағи 19 миллион сомонӣ дар шафати маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон бунёд гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз 35 солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор меёбад.

Зимни муаррифӣ иброз гардид, ки дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Бохтар бунёди чунин беморхона зарурӣ аст, зеро аҳолии минтақаи Бохтар ба он ниёз доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави беморхонаи мазкур аз 4 ошёна иборат буда, дар заминаи бинои ҳозираи он ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, бунёд мегардад.

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бинои нав бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешавад. Тибқи иттилоъ дар ошёнаи дуюми бино маркази бемориҳои дил таъсис ёфта бо 40 кати хоб барои муроҷиаткунандагон муҷаҳҳаз мегардад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин ва роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки сифати корҳои сохтмонӣ дар биноро мунтазам назорат намуда, барои коргарону сохтмончиён низ шароити хуби корӣ фароҳам оваранд.

Ҳамзамон раиси вилоят оид ба корҳои сабзу хуррамгардонии саҳни беморхона изҳори назар карда, таъкид намуданд‚ ки дар шинонидани гулу гулбуттаҳо, дарахтони сояафкан корҳо вусъат дода шавад. Таъкид гардид, ки табибон бояд аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles