— Мувофиқи омори расмӣ соли 2023 кишоварзони вилоят дар майдони 119 494 га замин (бо назардошти ченаки санҷишӣ) кишти пахтаро ба роҳ монда, мувофиқи ҳосили интизории биологӣ (апробатсия) аз ин майдон бояд наздики 300 000 тонна пахта (баробар ба 103 фоизи дурнамо) ҷамъоварӣ карда шавад. Ба ҳолати 31 октябр аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ 187 731,7 тонна пахта қабул гардидааст, ки ин нишондиҳанда ҳамагӣ 65,2 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. — таъкид намуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷаласаи корӣ оид ба қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2023 ва омодагии корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳру ноҳияҳои вилоят.
Дар ҷаласаи кории назди раиси вилоят, ки субҳи имрӯз, 1 ноябр доир шуд, муовини якум, муовинони раиси вилоят, прокурори вилоят, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят, сардорон нозироти андоз, роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа як масъала – “Фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва коргоҳҳои хурди пахтатозакунии вилоят аз ҳисоби ҳосили соли 2023, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба мавсими ҷамъоварии пахтаи соли 2023 ва роҳҳои пешгирии фаъолияти номуносиби корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, ворид намудани ҳаҷми воқеии истеҳсол ва коркарди пахта ба ҳисоби оморӣ, шаклҳои дурусти андозбандӣ, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сардори Сарраёсати омори вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди пахта, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, инчунин сардорони Раёсатҳои андоз ва андозсупорандагони азими вилоят С. Раҷабзода, З. Каримзода оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта ва прокурори вилояти Хатлон А. Раҳимзода оид ба роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ суханронӣ намуданд.
Сипас ахбороти муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло вобаста ба ҳолати воқеии ҷамъоварӣ ва қабули пахта аз ҷониби хоҷагиҳои пахтакор ва қабули он ба корхонаҳои коркард шунида шуд.
Таъкид гардид, ки вобаста ба ин масъала Сарраёсати омори вилоят, Раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикии вилоят, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба қабул, коркард ва интиқоли пахта аз ҷониби корхонаҳои коркард аз рӯйи талаботи меъёрҳои пешбинишуда ҷиҳати таъмини тавозуни ҳаракати пахта тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳамчунин, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки новобаста ба он ки мавсими ҷамъоварии пахта айни замон аз 58 корхонаи пахтатозакунии шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 8 корхона бо гузаронидани корҳои таъмирӣ ва имкониятҳои молиявӣ қабули пахтаро дар сатҳи зиёда аз 5000 тонна ба роҳ монда, 17 корхона ҳаҷми қабули пахтаро то 1000 тонна нишон ддаанд, ки фоидапазирии чунин корхонаҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ҷавобгӯ намебошад.
Кишоварзони вилоят дар майдони 119 494 га навъҳои гуногуни пахтаро кишт намудаанд. Дар натиҷаи заҳмати деҳқонон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд. Мутобиқи маълумоти мутахассисон, ҳосили интизорӣ ва биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта ба чиниш расидааст.
— Имсол дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидорӣ намудан ва сари вақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба миён овард, — афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва ба шахсони масъул супориш дод, ки бо ташкилотҳои соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсола омӯхта ва ҳал карда шавад.
Дар фароварди ҷаласаи корӣ раиси вилояти Хатлон ҳамчунин ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ба роҳ мондани назорати дурусти механизми ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба ниҳодҳои дахлдлор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон