Имрӯз дар доираи сафари корӣ раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид бо фаъолияти ҶСК «Парваришгоҳи моҳии хушзот» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуданд.
Масоҳати заминҳои ҶСК «Парваришгоҳи моҳии хушзоти»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 905 гектар кули моҳиро дар бар мегирад. Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо зиёда аз чор навъи моҳӣ парвариш меёбад.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани саршумори моҳӣ ва кулҳои моҳипарварӣ барномаи махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи он то имрӯз дар саросари вилоят барои рушди соҳа, парвариши бештари моҳӣ мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон чораҳои амалӣ меандешанд.
Ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва дар маҷмуъ беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ мешавад.
Боис ба зикр аст, ки дар инҷо бо иштироки раиси вилоят зиёда аз 1000 сар мурғи фазант ё ин, ки тазарв сар дода шуд. Мақсад аз овардани мурғи фазант ба ин мавзеъ рушди соҳаи парандапарварӣ, афзоши ин намуди парандаи нодир ва рангоранг кардани оламӣ наботот мебошад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти Ҷамъияти мазкур ҷиҳати ҳарчи бештар кардани саршумори паранда дастуру супоришҳои муфид доданд.
Навид
Сафари корӣ раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид бо фаъолияти ҶСК «Парваришгоҳи моҳии хушзот».
- 16.01.2024
- Latest Update: 25.05.2024 21:11
- 275
- Less than a minute
Сафари корӣ раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид бо фаъолияти ҶСК «Парваришгоҳи моҳии хушзот».
You can share this post!