ҶАМЪОВАРИИ ҚУЛФИНАЙ ОҒОЗ ГАРДИД

Як ҳафта боз қулфинайпарварони ноҳияи Вахш аз заминҳои кушод ба ҷамъоварии ҳосил пардохтаанд.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш қулфинайкорон шуруъ аз моҳи март тути заминиро аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои истеъмолии кишвар мебароварданд. Аз моҳи апрел бошад, ҳосили қулфинай аз заминҳои кушод пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.
Тибқи иттилоъ танҳо дар Ҷамоати шаҳраки Киров, ки яке аз минтақаи асосии қулфинайпарварии ноҳия Вахш маҳсуб меёбад, имсол дар майдони 90 гектар қулфинай кишту парвариш карда шудааст.
То имрӯз аллакай наздики 30 тонна қулфинай ғунучин гардида, ба бозорҳои мухталифи мамлакат содирот шудааст.

Related Articles