ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ 5.07.2019, №195

Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон

Бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон мутобиқи моддаҳои 19, 20 – и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва 25- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” қарор мекунам:

1. Ҳар рӯзи шанбе дар вилоят “Рӯзи аёдати ниёзмандон” ба роҳ монда шавад.

2. Тартиби тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ дар доираи қарори мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намуда, ҳар рӯзи шанбе бо тартиби муқарраргардида аёдати ниёзмандонро ба ҷо оваранд.

4. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ вазифадор карда шавад, ки аз рафти иҷрои қарори мазкур ҳар моҳ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

5. Ҳамоҳангсози қарори мазкур шуъбаи ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муқаррар карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи муовини соҳавии раиси вилояти Хатлон вогузор карда шавад.

Раис Қурбон Ҳакимзода

Замима

Бо қарори раиси вилояти Хатлон

аз 5.07.2019, №195 тасдиқ карда шудааст.

Тартиби тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон

Тартиби мазкур бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсониба онҳо баробаркардашуда, камбизоатҳо ва дигар табақаи ниёзманди аҳолӣ таҳия шудааст.

1. Шахсони ниёзманд

Ба шахсони ниёзманд дохил мешаванд:

— шахсони камбизоат;

— ятимони кул;

— оилаҳое, ки дар ҳайати худ шахси маъюб доранд;

— собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

— маъюбони гурӯҳи 1 ва 2;

— шахсони яккаву танҳо;

— иштирокчиёни садамаи Чернобил ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар кишвар, ки маъюбӣ дошта ба дастгирии моддию молиявӣ ниёз доранд.

2. Тартиби аёдат ва расонидани кӯмакҳо

Ҳар ҳафта рӯзи шанбе аёдати шахсон ва оилаҳои ниёзманди дар банди 1 –и тартиби зикршуда аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ба роҳ монда мешавад.

3. Шакли кӯмакҳо

— кӯмакҳои молиявӣ;

— кӯмакҳои моддӣ: бо дарназардошти эҳтиёҷоти ниёзмандон маҳсулоти хӯрокворӣ, сару либос пойафзол, маводи доруворӣ, санитарию гигиенӣ, чорво сузишворӣ вап дигар ашёи зарурии аввалиндараҷа;

— аз тарафи ихтиёриён (волонтиёрон) расонидани ёрӣ дар кори хоҷагидорӣ;

— дастрас намудани китобҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷҷала ва дигар маводҳои иттилоотӣ;

— доир намудани суҳбатҳо.

4. инъикос ва тарғиби корҳо оид ба тақвият бахэшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон

— тавассути васоити ахбори омма;

— дар иттиҳодияҳои динӣ;

— дар ташкилоту муассисаҳо;

— байни соҳибкорон ва шахсони саховатпеша;

— дар байни аҳолӣ.

Related Articles