ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН №151, АЗ 30.05.2019

Дар асоси мактубҳои Клуби футболи “Равшан”- шаҳри Кӯлоб аз 1 майи соли 2019, №28 ва Клуби футболи “Ҳосилот”- ноҳияи Фархор аз 10 майи соли 2019, №4 мутобиқи моддаҳои 19, 20, 21 – и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва 25- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” қарор мекунам:

1. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон вазифадор карлда шавад, ки барои нигоҳдории дастаҳои футбол аз ҳисоби бақияи озоди буҷети вилоятӣ ба 1 январи соли 2019 ба маблағи 400000 (чорсад ҳазор) сомонӣ, аз ҷумла ба Клуби футболи “Равшан”- шаҳри Кӯлоб 300000 (сесад ҳазор) сомонӣ ва ба Клуби футболи “Ҳосилот”- ноҳияи Фархор 100000 (сад ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

2. Клуби футболи “Равшан”- шаҳри Кӯлоб ва Клуби футболи “Ҳосилот”- ноҳияи Фархор азифадор карда шавад, ки маблағи ҷудошударо мақсаднок истифода намуда, аз натиҷааш ба Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳисобот пешниҳод намояд.

3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод карда шавад.

4. назорат аз болои рафти иҷрои қарори мазкур а зимаи муовини соҳавии раиси вилоят вогузор карда шавад.

Раиси Қурбон Ҳакимзода

Related Articles