Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир мебошад. Аз рӯзи дафни Алии Ҳамадонӣ соли 1386 мақбараи ӯ ҷойи муққадас ҳисоб шуда, зиёрати ҳазорон ҳазор ҳаводорони шеър, фалсафа ва ирфон гардидааст.
Ба давлатҳои зиёд сафар карда дар муддати беш аз 25 сол ба фаъолияти адабӣ машғул мешавад.
Аз мутафакир то замони мо беш аз 100 аср Олими бузург мутафаккир ва инсонпарвари асри миёна Мир Сайид Алии Ибни Шоҳобуддин соли 1314 дар сарзамини Эрон таваллуд шудааст. Соҳиби маълумоти мукаммал буда ба дуои пираш Маҳмуди Маздаконӣ азми сафар мекунад.
ари илмӣ — фалсафӣ мерос мондааст.
Аз мутафакир то замони мо беш аз 100 асари илмӣ — фалсафӣ мерос мондааст.
Шумораи пайравон ва шогирдонаш бошад зиёда аз 700 нафарро ташкил медод. Дар муддати сафарҳои худ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёда аз 6 сол дар шаҳри Кӯлоб зиндаги мекунад. Соли 1386, ҳангоме, ки синну соли муборакаш ба 73 расида буд, нияти сафари Ҳиҷоз мекунад, вале дар музофоти Похлии Покистон бемории сахте ӯро домангир мешавад. Баъди 5 -рӯзи дигари сафарашон дар музофоти Кунарои Афғонистон ҷаҳони фониро падруд гуфтанд.
Бо маслиҳати муридо-наш, ки он замон беш аз 700 нафар буданд, нашъи ин марди фозилро ба хоки Кӯлоби бостонӣ оварда ба хок месупоранд. Аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то замони мо беш аз 100 асари баландмазмуну пурарзиш ба монанди «Захиратуп-мулук», «Авроди фатҳия», «Давоилқулуб», «Чиҳил асрор», «Ҳафт водӣ» ва амсоли инҳо ба мерос мондааст.
Аз рӯи мақому мартаба ва ихлосу самимияте, ки ба Алии Ҳамадонӣ доштанду доранд, ба ӯ тахаллусҳои Ҳазрати Амирҷон, Шоҳи Ҳамадон, Амири Кабир, ва ѓайраро муносиб дидаанд.
Ҳар сол барои зиёрати ин шахси бузург зиёда аз даҳҳо ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ аз тамоми манотиқи кишвар меоянд.