Инак гурӯҳи мо ба ноҳияи Дӯстӣ сафар намуда, мавзеи мазори имом Зайналобиддинро зиёрат намуданд. Масъули зиёратгоҳ Қурбонов Назар оид ба маънои ин мафҳум чунин андеша баён месозад, ки он дар ибтидо ном не, балки унвон ва ё мартаба будааст. Авлодони ҳазрати Алӣ, ки бо номи Алавиё маъруф буданд, аз байни худ имом интихоб мекарданд, ки дар мартаба баробари халифаҳои расмӣ эҳтиром доштанд.
Ў аз авлоди Муҳаммад – пайғамбар буда, набераи ҳазрати Алӣ ва писари имом Ҳусайн аст. Модараш Шаҳрбону духтари охирини шоҳаншоҳи Эрон аз сулолаи Сосониён Яздигурди III буд. Ҳазрати Зайналобиддин соли 659 мелодӣ дар Мадина таваллуд шуда, соли 713 мелодӣ дар сини 54-солагӣ фавтидааст. Қабри ӯ дар мазори Бақеъи Мадина ҷой гирифтааст.Ҷолиби диқат аст, ки ҳазрати имом Зайнолобуддин аз тарафи модарашон эронинажод буданд, яъне аз ин ҷиҳат низ бо таъриху фарҳанги мо низ алоқаи бевосита дорад. Дар бораи ба Осиёи Миёна омадани ӯ дар таърих ягон маълумоте вуҷуд надорад. Мақбара дар ноҳияи Дўстї љойгир буда барои хотира, эҳтиром ва бузургдошти ӯ бунёд шудааст.
Моҳи июли соли 2001 Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари хидматии худ ба вилояти Хатлон аз мазори имом Зайналобиддин дидан кард ва баъдтар бо супориш ва кӯмаки сарвари давлат зиёратгоҳ таъмир ёфт.