Бо барқарор гардидани Ҳукумати Шӯравӣ, солҳои 20-30-юми асри ХХ дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шӯравӣ ба бунёди Нерӯгоҳи барқии обӣ мувофиқ будани Норак таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд. Маҳз бо ташаббуси сарвари ҳамонвақтаи Ҳизби комунистии Тоҷикистон Турсун Улҷабоев сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак соли 1960 ҷомаи амал пӯшид.
Охирҳои соли 1960 Совети Вазирони СССР дар бораи сохтмони НБО-и Норак қарор қабул кард ва сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқии обии Норак оғоз гардид. Ҳамон сол дар ҷои деҳаҳои хурди Тутқавул, Норак, Лангар ва Деҳи Сабур корҳои сохтмонӣ сар шуд. Сохтмони Нерӯгоҳи барқии обӣ ба Норак ҳаёти тоза бахшид.
16 декабри соли 1960 дар асоси Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Норак дорои статуси шаҳр гардид, ки 22 декабри соли 2010 дар Рӯзи энергетикҳо 50-солагии шаҳр қайд карда шуд.
Дар шаҳри Норак аз рӯзҳои аввал, баробари сохтмони нерӯгоҳ сохтмону ба истифода додани манзилгоҳҳо, муассисаҳои табобатию иншоотҳои маданиюмаишӣ ва ободонию кабудизоркунӣ авҷ гирифт.
Туфайли шанбегию ҳашарҳо ҳазорҳо бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда, кӯчаҳо, гулгашту хиёбонҳои ороста, клубу китобхона кинотеатру меҳмонхона, хонаи маданият, мактабу боғчаҳо қомат рост карданд.
НБО-и Норак сохтмони умумииттифоқӣ эълон шуд ва аз тамоми гӯшаю канори кишвари Шӯравӣ бинокорону мутахассисон омаданд.
Бунёди НБО-и Норак ва ҳамзамон шаҳри Норак ҳамеша дар маркази диққати роҳба-рияти Шӯрави буд.
Агрегати аввали Нерӯгоҳи барқии Обии Норак пеш аз муҳлат 15 ноябри соли 1972 ба кор андохта шуд ва моҳи декабри соли 1979 агрегати охирини нерӯгоҳ барои истеҳсоли қувваи барқи арзон ба истифода дода шуд.
Дар натиҷаи сохтмони Нерӯгоҳи Барқии обӣ обанбори Норак ба вуҷуд омад. Пур кардани обанбор соли 1972 сар шуд, ки масоҳати он 98 км мураббаъ, ҳаҷмаш 10,5 миллиард м 3 , дарозиаш 70 км, бараш то 1 км, жарфияташ ба
ҳисоби миёна 107 метр ва баландии сарбандаш 300 метрро ташкил медиҳад.