СИТОДИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 28 март, дар ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид.

Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Данғара, Фархор, Шаҳритус, хоҷагидорон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ низ паҳншавии малах дар ноҳияҳои кӯҳистон мушоҳида мешавад, аз ин рӯ, аз имрӯз сар карда барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳо андешида шавад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш бо мақсади омодагӣ ба мавсими “Мубориза бар зидди малах”, саривақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо аз малахи марокашӣ, инчунин ҳаллу фасл намудани мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах ба масъулон супориш доданд, ки талаботҳои амри раиси вилоят оид ба Ситоди вилоятии “Мубориза бар зидди малах” таъмин карда шаванд, дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳоти осебпазир аз малах Ситодҳои шаҳрию ноҳиявии “Мубориза бар зидди малах” корро ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Роҳбари Филиали Муассиаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар минтақаи Бохтар вазифадор карда шуд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин дар ҳар як шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян ва коркарди техникиро дар ин мавзеъҳо ба роҳ монанд, дар ҳамкорӣ бо сохтори болоии худ ҷиҳати сари вақт таъмиру омода кардани техникаю мошинолотҳои корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Корҳои кимиёвӣ бар зиди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар се марҳила гузаронида мешавад. Ба назари мутахассисон малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзӣ мефарояд.

Бояд зикр намуд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, ҳамасола ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас мегардад.

Инчунин, раиси вилоят аз мавзеъҳое, ки малахи марокашӣ нав хуруҷ кардааст, боздид намуда, аз ҳолати воқеӣ огоҳ шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles