Имрӯз, 28 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба қисми ҳарбии 07017-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён рафта, бо рафти корҳои азнавсозӣ дар хобгоҳи сарбозон шинос шуданд.
Бояд зикр намуд, ки ошёнаҳои сеюм ва чоруми хобгоҳ ба таъмири куллӣ ниёз доштанд ва ҳангоми даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба Артиш мушкили ҷойи хоб барои наваскарон пеш меомад.
Бо дастури раиси вилоят ошёнаҳои мазкур аз тарафи Филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон азнавсозӣ шуда, барои ҷобаҷогузории наваскарон, ки дар даъвати баҳорӣ ҷалб карда мешаванд, омода шуда истодааст. Иттилоъ дода шуд, ки 80 фоизи корҳо ба анҷом расида, то рӯзи муқарраргардида пурра омода мегардад.
Раиси вилоят бо шароити будубоши сарбозон дар қисми низомӣ шинос шуда, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зист ба масъулон роҳнамоӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон