Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд.
Дар доираи сафари корӣ, раиси вилоят дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб корхонаи ҳасиббарории ҶДММ «Набӣ Ҳайдар»-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Тибқи маълумот корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Валиҷон Абдураҳимов таъсис дода шудааст. Корхона асосан барои истеҳсоли 10 намуд ҳасиб бунёд шудат, айни замон 16 нафар коргарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ва маоши хуб ҷалб карда шудаанд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур 1000 кило дар як шабонарӯз аст. Дар корхона ду сардхона барои нигоҳдошти ашёи хом ва маҳсулоти тайёр бунёд ёфта, таҷҳизоти корхона аз хориҷи кишвар дастрас шудааст.
Дар рафти боздид раиси вилоят бо кормандони корхонаи мазкур суҳбати сарироҳӣ намуда, аз вазъи зиндагии онҳо пурсон шуд. Раиси вилоят барои фаъолияти минбаъдаи корхона ба роҳбари корхона тавсияҳои муфид доданд.
Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ раиси вилоят бо гурӯҳи ҳамроҳонаш дар қитъаи замини назди корхонаи мазкур ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинониданд.
Инчунин, аз рафти корҳои соҳаи кишоварзӣ (ҷуфти замин) ва намоиши тухмиҳои зироатҳои техникӣ дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ дидан намуданд
Раиси вилоят дар идомаи сафари корӣ аз вазъи фаъолияти мактабҳои варзишии дар шаҳри Кӯлоб фаъолияткунанда шиносоӣ пайдо намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон