Дар доираи барномаи кабудизоркунӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид наздики 15 ҳазор дарахт ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шинонида шуд.
Ҳашари дастаҷамъӣ бо иштироки фаъолонаи ташкилоту идораҳо, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба таври муназзам роҳандозӣ гардид, шаҳодати муҳаббат ба табиат ва ободии диёр буд.
Бо иштироки фаъолони шаҳр 200 дарахти булути “дук”, 200 мажавил, 8000 буттаи лигустра ва 5000 гули садбарг шинонида шуданд, ки зебоии табиии шаҳрро дучанд афзуда, ба экологияи он таъсири мусбат хоҳанд расонд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон