ТАСДИҚИ РАМЗИ «CОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ»

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рамзи “Соли фарҳанги китобхонӣ”-ро тасдиқ намуданд.

Қобили зикр аст, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 12 декабри соли 2024, таҳти №720, соли 2025 дар қаламрави вилояти Хатлон “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардидааст.

Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он бо истифода аз рангҳои сурх, сафед ва сабз, ки ифодагари рангҳои Парчами миллист, зеб дода шуда, «Соли 2025 – Соли фарҳанги китобхонӣ» ва дар қисмати поён дар миёнаи ду нақши чакан «Хатлон» навишта шудааст.

Дар қисми марказӣ расми китоби кушода рӯйи дастҳо ва дар қисми болои китоб манзараи тулӯи офтоб дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.

Дар миёнаи китоб ниҳоли сабз, ки баёнгари рушду камолот ва фурӯғи одамият аст, тасвир ёфтааст. Рӯйи саҳифаҳои чапу рости китоб ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, тасвири рушди саноат ва корҳои созандагӣ, агрегати НБО, гули гандум ва пахта, пешрафти илму инноватсия – ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд.

Дар пасманзари китоб дашти сарсабз акс ёфтааст, ки баёнгари табиати биҳиштосои кишвар ва қалби мунаввар аз мутолиаи китоб маҳсуб меёбад.

Воситаҳои ахбори омма, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд аз рамзи «Соли 2025 – Соли фарҳанги китобхонӣ» васеъ истифода баранд.

Related Articles