МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ЛУ БИНГ

Имрӯз, 9 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Лу Бинг, директори шикати СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В. дар Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад.

Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.

Ширкати СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В. дар Тоҷикистон лоиҳаи худро дар соҳаи истихроҷи нафту газ дар минтақаи Бохтар амалӣ намуда истодааст.

Ширкати мазкур барои омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дорад ва барои амалишавии ин лоиҳа корҳои тадқиқотӣ анҷом дода истодааст. Соҳаи нафту газ ҷузъи муҳими комплекси сӯзишворӣ-энергетики кишвар буда, дар қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти нефтӣ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ нақши арзанда дорад.

Зимни мулоқот аз рушди муносибатҳо ёдовар шуда, баҳри тақвият додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ гуфтугӯ сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles