ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2025

Ҳамдиёрони арҷманд!

Боиси сарфарозист, ки мову шумо фарорасии Соли нави мелодиро дар фазои осоиштагиву субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегирем.

Ба ин муносибат Шумо, сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори Соли нави мелодии 2025 самимона шодбош гуфта, бароятон сарбаландӣ, саодатмандӣ ва дар зиндагию фаъолияти созандаатон барору муваффақиятҳои беназир таманно дорам.

Дар соли сипаришаванда раванди корҳои ободониву созандагӣ дар Ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъонаву ҳадафманд тақвият ёфтанд. Дар ин раванди муҳим бо мақсади татбиқи нақшаҳои стратегии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлатамон бо қадамҳои устувор пеш рафтем.

Аҳли заҳмат ва кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлон дар ин раванд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ софдилонаву ватандӯстона заҳмат кашида, дар татбиқи нақшаҳои созандаи давлат ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон ба ҳадди имкону тавоноӣ саҳм гузоштанд.

Баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, натиҷаҳои самаровари сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ин замина бунёди садҳо иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилояти Хатлон мусоидат намуд.

Соли 2024 дар самти таҳкими сиёсати давлатӣ соли бобарору хотирмон ба шумор рафта, зимни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 62 биною иншооти таъиноти гуногун бо дарназардошти зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ба сокинони вилоят шароити арзандаи корӣ таъмин гардид.

Маврид ба зикри хос аст, ки фаъолон ва меҳнаткашони вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми самтҳои муҳими хоҷагии халқи вилоят таҳким бахшида шуданд.

Вобаста ба ин, дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ бо ташаббусҳои шоиста ва дастгирии ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва мардуми шарафманди вилоят зиёда аз 3700 иншооту биноҳои хуштарҳи истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, ба ҳалли аксари мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар ва заҳматҳои босамари мардуми шарафманди вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ афзун гардида, ҷиҳати таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам, таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, бештар ҷалб намудани сармояи хориҷию дохилӣ ба иқтисодиёти вилоят, тақвияти фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ, махсусан, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дар ин замина мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон тадбирҳои муайян амалӣ гардида, аксари нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон соли 2024 мусбат ҷамъбаст гардиданд.

Аз аввали соли равон нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ба 27,9 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ҳиссаи он дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 27,2 фоиз баробар гардид.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуда, аз аввали сол ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 11,1 миллиард сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 734,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин муддат дар ҳудуди вилоят 80 корхонаю коргоҳи саноатию истеҳсолӣ бунёд ёфтанд, ки ин дастовардҳо, натиҷаи дастгирии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум аст.

Дар давоми сол дар соҳаи иҷтимоӣ низ дастовардҳо хуб ба назар расида, дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини инфрасохтори соҳа 155 иншооти соҳаи маориф, дорои 1123 синфхона барои 56300 ҷойҳои нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 38 адад иншоот, 336 синфхона ва 16950 ҷойи нишаст дар ду баст зиёд аст. Хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилоти вилоят аз иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ду Шоҳҷоиза ва 67 ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд, ки дастовардҳои назарраси илмию маърифатӣ маҳсуб меёбанд. Бо дарназардошти ин, бо мақсади тақвияти забондонӣ ва роҳ ёфтан ба дастовардҳои муосири байналмилалӣ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон дар вилояти Хатлон “Соли 2025 – Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон карда шуд, ки ҷиҳати тақвияти забондонӣ ва роҳ ёфтан ба дастовардҳои муосири байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Мардуми худшиносу ватандӯсти вилояти Хатлон дар сиёсати муваффақу бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, собитқадам ва устувор буда, рушду пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаро ба заҳматҳои бесобиқа ва хизматҳои мондагори Пешвои миллат мансуб медонанд.

Сокинони вилоят бодарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, вусъат пайдо намудани таҳдиду хатарҳои геосиёсӣ, бахусус паёмадҳои ногувори ҳодисаҳои террористию экстремистӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, дастовардҳои таърихӣ, аз ҷумла пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода буда, дар ҳифзи сарҳади давлатӣ дар саргаҳи аввали ҳимояи давлат қарор доранд. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати ватандӯстӣ дар байни ҷавонон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, соли 2024 аввалин маротиба нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар рӯзи аввали маъракаи сафарбарӣ таъмин гардид, ки ин дастоварди беназир маҳсуб мешавад.

Бо мақсади тақвияти ташаббусҳои тарғиботӣ дар соли равон тамоми сокинони вилоят бо усули фардии “Хона ба хона” ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуда, бо мақсади сабзгардонии кӯчаву маҳал, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ нақшаҳои наву созанда тарҳрезӣ гардиданд.

Итминон дорем, ки сокинони вилоят бо бардошт аз дастуру ҳидоятҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ санаи 28 декабри соли ҷорӣ оид ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ироа гардид, дар соли нави 2025 барои вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, таъмини ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг, баланд бардоштани маърифати зеҳнии насли наврас бо назардошти элон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва маҷмуан ҷиҳати сифатан беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум пурмаҳсул заҳмат кашида, бо меҳнати созандаи худ дар рушди маҳал саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин нияти нек, бори дигар Шумо, сокинони соҳибсаодати вилоятро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Соли нави мелодии 2025 муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Related Articles