МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ГУ ЧЕНГ ФЕНГ

Имрӯз, 5 декабр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Гу Ченг Фенг, директори генералии Ширкати истеҳсоли энергияи барқии Ҷумҳурии Халқии Хитой мулоқот намуданд.

Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад.

Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.

– Мо, ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонам, – афзуд раиси вилоят.

Ба гуфти Гу Ченг Фенг, директори генералии Ширкати истеҳсоли энергияи барқӣ ширкати бузурги энергетикии онҳо ба иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги бодию офтобӣ дар вилоят ҳавасмандии зиёд дорад. Таъкид гардид, ки ширкат метавонад ба вилоят дар таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву шамолӣ мусоидат намояд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир таъсиси нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз пешниҳоди таъсиси нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ ҷонибдорӣ намуда, зикр намуданд, ки пас аз боздид аз ноҳияҳои барои татбиқи ин лоиҳаҳо мусоид ҷиҳати ҳалли ин кор мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles