КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ САВДО ВА МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ТАХТИ СУЛАЙМОН”


Имрӯз, 8 ноябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён раиси вилоят Давлаталӣ Саид бинои Маркази савдо ва Маҷмааи хизматрасонии “Тахти Сулаймон”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дуошёна буда, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Давлаталӣ Ҳалимов дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази савдо ва ошхонаи миллӣ 18 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Дар рафти бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуда, бино бо унсурҳои хоси миллӣ ва шаклу услуби хос қомат афрохтааст. Ҳамчунин, бо мақсади зебову назаррабо намудани муҳит дар атрофи иншоот гулу гулбутта ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Соҳибкори ватанӣ иқдом гирифтааст, ки дар Маркази савдо бештар маҳсулоти истеҳсоли ватаниро, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, ба фурӯш барорад. Вобаста ба ин, бо дигар соҳибкорону хоҷагидорон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Пас аз ифтитоҳи иншооти нави хизматрасонӣ дар ошёнаи дуюми бино раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонаш бо ятимони кулли ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сару либоси гарми зимистона, китоб ва ширинӣ иборат буд, супориданд. Дар ин мулоқот 35 нафар ятими кулл аз ноҳияи Кӯшониён аз тӯҳфаҳои Пешвои миллат баҳравар гаштанд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо ятимон таъкид намуданд, ки бо дониши хубу ахлоқи намунавӣ дар мактаб таҳсил намоянд ва дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles