МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ ЧИНИИ «XINJIANG SHIHEZI DEVELOPMENT»


Имрӯз, 29 октябр, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати «Хinjiang Shihezi Development»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Тянзу ва дигар мутахассисони ин ширкатро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот масоили мавриди таваҷҷуҳ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо ин ширкат баррасӣ шуда, иброз гардид, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҷалби сармоя, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Гуфта шуд, ки дар вилояти Хатлон аз ҳисоби заминҳои обӣ дар 120 719 гектар пахта кишт шудааст. Пахтакорӣ ва коркарди ниҳоии “тиллои сафед” яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо шарикони рушд арзёбӣ мегардад.

Дар навбати худ роҳбари ширкати «Хinjiang Shihezi Development» Ван Тянзу изҳор дошт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ ин ширкат дар вилояти Хатлон тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифта, тасмим дорад, ки заминҳои навро ба гардиши кишоварзӣ дарорад. Ҳамчунин, ширкат мехоҳад бо ҷалби техникаҳои муосири чинӣ корро дар самти истеҳсоли ин зироати техникӣ ба роҳ монанд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дигар ширкатҳои чинӣ дар вилояти Хатлон то андозае дар ин самт муваффақ шудаанд ва ин иқдомро дар оянда низ пурзӯр намуда, дар иҷрои дурнамои кишт ва истеҳсоли пахта дар вилояти Хатлон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Раиси вилоят ҳамкориҳои судманди шарикони хориҷии чиниро дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ арзанда ҳисобида, изҳори умедворӣ карданд, ки мулоқоти имрӯза дар ҳалли масоили мубрами ҳамкориҳои ҳар ду ҷониб заминаи мусоид мегузорад.

Дар мулоқот оид ба масъалаҳои дигари қобили таваҷҷуҳ низ табодули назар карда шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles