ӮЗБЕКИСТОН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶДММ “АСЛ ДОН-2024” ВА НАМОИШГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА


Имрӯз, 26 сентябр, ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд, аз ҶСК «Сурхондарёдонмаҳсулот» дидан намуд. Дар ин ҷо меҳмонон бо намоишгоҳи истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти орду нони ҶДММ «Асл Дон – 2024» шинос шуданд.

Дар назар аст, ки гандуми тухмии навъҳои серҳосил бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ғалла ба вилоят ворид карда мешавад.

Масъулин дар бораи натиҷаҳои бадастомада дар соҳаи истеҳсолу коркарди ғалла дар солҳои минбаъда, иқтидори истеҳсолӣ ва иқтидори содиротӣ маълумот доданд.

Пас аз он ҳайати вилояти Хатлон мақбараи Ал Ҳаким ат-Тирмизиро зиёрат намуда, бо маҷмаа шинос шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles