ПАРВАРИШИ КИВИ. ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ХАТЛОН


Сулаймон Шафоев, деҳқони таҷрибадоре аз ноҳияи Кӯшониён аст, ки дар баробари кишту парвариши якчанд навъи маҳсулоти кишоварзӣ, имсол парвариши дарахти кивиро ба роҳ монд.

Ин ниҳолчаҳо аз Эрон ба Тоҷикистон ворид шудаанд ва Сулаймон онҳоро аз шаҳри Ҳисор дастрас ва дар замини наздиҳавлигии хеш шинонидааст.

Ин деҳқон нақл кард, ки киви монанди токи ангур шинонида мешавад ва танҳо лозим аст, ки решааш доим намнок нигоҳ дошта шавад.

Сулаймон барои нигоҳубину парвариши дарахтони шинонидааш аз усули замонавии обёрии қатрагӣ истифода кардааст. Зеро, киви дарахти обдӯст мебошад.

Ба андешаи Сулаймон Шафоев, дарахти киви то 30 дараҷа сардӣ тобовар аст. Аз ин рӯ, кивиро шарт нест, ки дар гармхона парвариш намоӣ.

«Моҳи апрел барои шинонидани дарахти киви хеле қулай аст. Чунки то фаро расидани моҳҳои нисбатан гарм решаи он аллакай мустаҳкам мегардад… Ниҳол бояд ҳатман пайвандӣ бошад. Зеро, ниҳоли пайвандӣ ба ҳар гуна касалиҳо тобовар аст.»,-мегӯяд Сулаймон.

Сулаймон дарахтони кивиро дар масофаи 4 метр дур аз ҳамдигар ва чуқурии 60 – 70 сантиметр шинонида, қабл аз шинонидан каме биогумус ҳамроҳ карда, то ҷойи пайвандӣ онҳоро зери хок кардааст.

Ӯ мегӯяд, дар вақти обдиҳӣ истифодаи нуриҳои минарелии карбамиту нитраамофос манфиатбахш мебошад. Инчунин дар барги дарахт пошидани ватамини “Нутриван” низ муфид аст. Истифодаи витамин нашъунимоӣ дарахтро суръат бахшида, ба бе нуқсон бузург шудани он мусоидат менамояд.

Сарчашма: https://jom.tj/2024/06/18/cultivation-of-kiwi-in-khatlon/…

Related Articles