МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ШАРИКОНИ РУШД


Имрӯз, 18 июн, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Шарикони рушд баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шурои ҳамоҳангсозии Шарикони рушд, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдори вилоят иштирок намуданд.

Мақсади баргузории чорабинӣ баррасии масъалаҳои ҳалталаб, натиҷагирӣ аз рафти татбиқи лоиҳаҳо, муайян кардани афзалиятҳои минбаъдаи рушд ва ҷалби таваҷҷуҳи шарикони рушд ҷиҳати зиёд намудани маблағҳо барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар арзёбӣ мегардад.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ бахшиданд.

Раиси вилоят таъкид доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои сатҳи маҳаллӣ, аз ҷумла татбиқи бомароми Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 тамоюли мусбати рушд ишондиҳандаҳои минтақавиро нигоҳ дошт.

– Бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ҳамроҳ бо Шумо барои ҳалли масъалаҳои умдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, бахусус маориф, тандурустӣ, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, таъминот бо тухмиҳои босифат, селексияи чорвои хушзот, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии зиминҳо, мубориза бо ҳашароти зараррасон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуда, иҷрои саривақтии стратегияву барномаҳои сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ, бандҳои дахлдори протоколи ҷаласаи Шӯрои миллии рушдро, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 июни соли 2024 бо иштироки шарикони рушд баргузор гардид, таъмин менамоем. Инчунин, зарур мешуморем, ки масъалаҳои роҳҳои баланд бардоштани неруи инсонӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои муосири рақамӣ дар идоракунии давлатӣ, сохтмони роҳҳои байнишаҳрию дохилишаҳрии вилоят мавриди муҳокима қарор дода, қадамҳои минбаъдаи ҳамкориҳоро дар тамоми самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят бо Шумо мувофиқа созем, – афзуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.

Гуфта шуд, ки саҳми Шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Исломии Рушд, Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID), Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), Бонки Олмонии Рушд, Фонди Саудии Рушд, Барномаи рушди СММ, Фонди байналмилалии рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон ва татбиқи барномаҳои сатҳи маҳал хеле назаррас мебошад.

Зикр гардид, ки то ба имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо ҷалби кӯмаки беруна татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ зиёда аз 974,6 млн. доллар маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳолатҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст.

Ҳамзамон маърӯзаи Раиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Намояндагии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимли доир ба саҳми шарикони рушд ва ҳадафу афзалиятҳои миллӣ шунида шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз шарикони рушд даъват намуданд, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ барои татбиқи рушди устувор саҳми худро баҳри амалӣ гардонидани афзалиятҳои минбаъдаи рушди вилоят бештар намоянд.

Инчунин дар ҷаласа Имайи Сэйдзу, роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ковин Дин, муовини роҳбари Намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (USAID), Парвати Рамасвами, ҳамоҳангсози домии СММ дар Тоҷикистон, Шенни Кэмпбелл, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон (ADB), Татяна Евстифеева, афсари коммуникастия БОР, Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ва дигарон баромад намуда, омодагии шарикони рушдро ҷиҳати дастгирии ҳадафу афзалиятҳо баён карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаро ҷамъбаст намуда, аз шарикони рушди кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба вилояти Хатлон ҷиҳати сафарбар ва ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ барои амалисозии пурраву самараноки стратегия ва барномаи миёнамуҳлати рушд сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ҳамкорӣ ва мусоидати бештар намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles