14 июл дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмони муассисаи томактабӣ дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Машъал боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибов Муҳибулло бо арзиши умумии 2 миллион сомонӣ бунёд гардида истодааст. Бинои муассиса аз ду ошёна иборат буда, барои фарогирии беш аз 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки сохтмони муассисаи томактабӣ бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ идома дошта, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан барои таълиму тарбия ва нигоҳубини кӯдакон шароити мусоиди замонавӣ фароҳам меорад. Бунёди чунин иншоот дар баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ба сифати корҳои иҷрошаванда ва риояи муҳлатҳои муайянгардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифату саривақтии сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Иброз гардид, ки дастгирии чунин иқдомҳои созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст далели масъулияти баланди шаҳрвандӣ буда, дар рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ саҳми арзишманд мегузорад.
Бино ба иттилои масъулон, муассисаи томактабии нав дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, барои 150 нафар кӯдак шароити муносибу замонавии таълиму тарбия муҳайё хоҳад кард.

