14 июл дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмони Варзишгоҳи марказии ноҳияи Вахш, воқеъ дар кӯчаи Карамоваи ҷамоати шаҳраки Вахш боздид намуданд.
Зимни боздид ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, арзиши умумии лоиҳа беш аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа, варзишгоҳ барои 7 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳия хизмат хоҳад кард.
Раиси вилояти Хатлон бо рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуда, ба сифати корҳои иҷрошаванда ва риояи талаботи меъморию сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи ҷавобгӯ ба стандартҳо ва муҳайё намудани тамоми шароити зарурӣ барои дӯстдорони варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қайд гардид, ки бунёди чунин иншооти муҳими варзишӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши оммавӣ ва тарбияи варзишгарони соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар анҷоми боздид раиси вилояти Хатлон саҳми мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ватандӯстро дар бунёди иншооти иҷтимоӣ баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар амалисозии чунин лоиҳаҳои созанда барои пешрафти ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти муҳим дорад.
Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Хатлон

