14 июл дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмони муассисаи таълимӣ ва Маркази хизматрасонӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Машъал бунёд гардида истодаанд, боздид намуданд.
Зимни боздид масъулон иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибов Муҳибулло сохта шуда, ҳадаф аз амалисозии ин иқдом фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони маҳаллӣ мебошад.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба сифати корҳои иҷрошаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи муҳлатҳои муайяншуда, истифодаи масолеҳи босифат ва бо сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ҷалби соҳибкорони ватанӣ ба бунёди иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ яке аз омилҳои муҳими рушди маҳалҳо буда, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ нақши муассир мегузорад.
Сокинони деҳаи Меҳробод иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибов Муҳибуллоро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот имкониятҳои нави таҳсил ва хизматрасонӣ барои аҳолӣ фароҳам хоҳанд шуд.
Бунёди чунин иншоот дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат дар самти рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии инфрасохтори иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад.

