ВАХШ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ АСФАЛТПӮШКУНИИ РОҲИ РЧ-057 ВАХШ – ДАНҒАРА

ВАХШ, 14 июл. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои асфалтпӯшкунии роҳи аҳамияти минтақавии РЧ-057 Вахш – Данғара, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Машъал боздид намуданд.

 Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибов Муҳибулло, инчунин саҳми фаъоли сокинони маҳал, роҳи РЧ-057 Вахш – Данғара дар масофаи 13 километр пурра асфалтпӯш гардидааст.

Ҳамзамон, 2 километр роҳи мошингарди деҳаи Меҳробод низ бо сифати баланд мумфарш карда шуда, барои сокинон ва иштирокчиёни ҳаракати нақлиёт шароити мусоид фароҳам овардааст.

Таъкид гардид, ки мумфарш намудани ин роҳ барои беҳтар гардидани инфрасохтори нақлиётӣ, таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт, осон шудани интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ аҳамияти калон дорад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкори ташаббускор ва сокинони фаъол суҳбат анҷом дода, иқдоми онҳоро дар самти ободонии диёр ва саҳмгузорӣ дар рушди инфрасохтори маҳаллӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ арзёбӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки саҳми соҳибкорон ва сокинони ватандӯст дар амалисозии чунин корҳои созандагӣ, бахусус дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоистаи таҳсин буда, барои дигарон низ намунаи ибрат мебошад.

Дар фарҷоми боздид раиси вилоят ба ташаббускорон барои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан ва дастгирии сиёсати созандаи давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, ба онҳо дар идомаи корҳои бунёдкорона барору муваффақият орзу намуданд.

Related Articles