НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХОНАҲОИ ХИЗМАТӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ


7 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бо рафти корҳои сохтмонии хонаҳои хизматӣ барои хизматчиёни давлатӣ шинос шуданд.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, 12 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрадорро дар бар мегирад. Мувофиқи нақша соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки бояд ишоотҳои ҷашнӣ бо сифатӣ баланд ва тибқи нақша сохта шаванд.

Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ тибқи маълумотҳои оморӣ дар вилоят 2762 адад биною иншоотҳо ба маблағи умумии 2 млрд. 58 млн. 92,7 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles