НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ТОКЗОРИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ВАСИЛА”


7 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав бо фаъолияти токзори хоҷагии деҳқонии “Васила” шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Васила” соли 2017 таъсис дода шуда, дорои 1,75 гектар замин буда, аз соли 2018 ба парвариши ангур машғул мебошад.

Қобили зикр аст, ки 4 августи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хоҷагӣ дидан карда, ба саҳмдоронаш кушоиши кор таманно карда буданд.

Роҳбари хоҷагӣ Мусулмон Тошбеков ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар хоҷагӣ 8 нафар кор карда, дар токзор ангури навъҳои ҳусайнӣ, ангури сиёҳ, шоҳона, ғалаба, аватар ва ангури пешпазакро парвариш мекунанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо хоҷагидорон суҳбат намуда, вобаста ба вусъат додани соҳаи кишоварзӣ дар вилоят ва бо ин васила аз ҷанбаҳои муфиди самти хоҷагидорӣ огоҳ кардани кишоварзон дастуру ҳидоятҳо намуданд. Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки самараноку оқилона истифода намудани зиминҳои корами обӣ, заминҳои ёрирасони президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилоят, яке аз ҳадафҳои асосии давлат маҳсуб ёфта, дар амалӣ ва татбиқ намудани супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди кишоварзӣ ҳиссаи бориз мегузорад.
Барои дар амал татбиқ намудани супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯриашон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара оид ба вусъат додани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, зиёд намудани захираҳои хӯрока ва аз як замин ба даст овардани ду-се ҳосил дода буданд, ҳар ҳафта сафари кории раиси вилояти Хатлон ба шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles