ҲАМАДОНӢ. ШИНОСОИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО РАФТИ СОХТМОНИИ ҲАВЗИ ОБТАКШИНКУНӢ ВА СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ ПАНҶ

4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо рафти сохтмони ҳавзи обтакшинкунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ шинос шуданд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки бо мақсади дар оянда бо оби соф таъмин намудани хоҷагиҳои ҳудуди ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ дар доираи Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” ва сармояи хориҷӣ дар масоҳати 38 гектар ҳавзи обтакшинкунӣ бунёд гардида истодааст. Бунёди иншооти мазкур ба маблағи зиёда аз 264 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории Бонки Рушди Осиё ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, масофаи соҳили дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 25 километрро дар бар мегирад. Ҳар сол бо мақсади пешгирии хавфи обхезӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ дар соҳили дарёи Панҷ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Канали Чубек” ва дар доираи лоиҳаҳои пешниҳодгардида корҳои тозакунии маҷрои дарё ва соҳилмустахкамкунӣ ба роҳ монда мешаванд.​

Иншооти мазкур дар идомаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles