РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ТАБРИКИ САРБОЗОН РАФТ


Имрӯз, 23 феврал, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои табрики сарбозону афсарон ба қисми низомии 3503-и Вазорати корҳои дохилии дар шаҳри Бохтар рафтанд.

Зимни боздид раиси вилоят кулли ҳайати шахсиро бо муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод карда, иброз доштанд, боиси хушбахтии мост, ки зери осмони соф ва ваҳдату ягонагӣ ҳамасола ҷашнҳои мубораку санаҳои муҳимми таърихиро дар сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва ташкилӣ ҷашн мегирем.

– Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву молиявӣ, аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид. Дар ин раванд, яъне замоне ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Ҳукумати мамлакат барои ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, дорои маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи заруриро вусъат бахшид, – афзуд раиси вилоят.

Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ ​ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун неруи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд.

Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар сари як дасторхон бо сарбозон нишаста, суҳбати самимӣ анҷом доданд ва аз ҳолу аҳвол ва шарту шароити хизмат пурсон гардиданд.

Инчунин, барои болидахотирии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорон ташкил карда шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles