МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИЯТИ ҶДММ «АПК АЗЕРПАМБЫГ»-И ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН


Имрӯз, 7 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо роҳбарияти ҶДММ «АПК Азерпамбыг»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот Фахри Мехтиев, директор ҶДММ «АПК Азерпамбыг»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гусейн Гафаров, муовини якуми директор, Ниджат Камилли, сардори шуъбаи рушди соҳибкорӣ ва Рафаель Таиров, сарагрономи ширкати мазкур иштирок доштанд.

ҶДММ «АПК Азерпамбыг» 25 майи соли 2018 барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи пахтакорӣ таъсис дода шудааст. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли пахтаи хом, нахи пахта ва маҳсулоти пахтагӣ мебошад.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.

Раиси вилоят зимни суханронӣ иброз доштанд, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзии вилоят ба шумор рафта, кишоварзон солона то 300 000 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ менамоянд, аммо солҳои охир нархи пахта талаботи деҳқононро қонеъ намесозад.

Зимни мулоқот Фахри Мехтиев, директор ҶДММ «АПК Азерпамбыг»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон зикр намуданд, ки ширкати мо бузургтарин содиркунанда буда, метавонем пахтаи истеҳсолнамудаи вилоятро аз нархи мавҷуда қиматтар харидорӣ намоем.


Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои истеҳсоли пахтаи хом, нахи пахта ва маҳсулоти пахтагӣ ҳамкориро шуруъ намоянд.

Бояд зикр намуд, ки дар 3 моҳи аввали соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ 120,6 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 125,1% ё 24,2 млн. доллар зиёд мебошад. Содироти мол бошад, ба 66,2 млн. доллар расида, нисбат ба соли 2023-ум 182,7 % ё 30 млн. доллар зиёд аст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles