ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ


Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.


Нахуст раиси вилоят дар шаҳраки Дӯстӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таълимии №45 дидан намуданд. Мактаби мазкур барои 624 хонанда дар як баст сохта шуда, маблағгузор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша 1-уми сентябри соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Сипас, дар кӯчаи Камоли Хуҷандии ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ба ҷараёни корҳои сохтмонии бинои истиқоматӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур тибқи нақша аз 9 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум марказҳои савдову хитзматрасонӣ ва дар боқимонда ошёнаҳо 96 манзили истиқоматии 1,2 ва 3 ҳуҷрадор ҷойгир мегардад. Соҳибкор иқдом гирифт, ки баъди ба истифода додан 1 хонаашро барои омӯзгори ниёзманде ройгон тӯҳфа намояд.

Инчунин, дар кӯчаи мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ роҳравҳо сафолакпӯш гардида, ҳусни шаҳракро зебогии дигар мебахшанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки бояд ишоотҳои ҷашнӣ бо сифатӣ баланд ва тибқи нақша сохта шаванд. Ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки намои берунии бино аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд.


Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ тибқи маълумотҳои оморӣ дар вилоят 2762 адад биною иншоотҳо ба маблағи умумии 2 млрд. 58 млн. 92,7 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles