ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХУРОСОН”


Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” соли 2023 ташкил шуда, дорои 498 га замин мебошад. Хоҷагии мазкур дар заминҳои чарогоҳ бунёд гардида, аз ҷониби роҳбарияти хоҷагӣ соли ҷорӣ аз дарёи Панҷ насосҳои обкаш пайваст гардида, айни замон 50 га замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад. Роҳбарии хоҷагиро Сафаров Хайрулло ба уҳда дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки оби полезӣ аз шохоби дарёи Панҷ тариқи тоза намудани канал ба масофаи 1700 метр, кашидани барқ ба масофаи 1700 метр, насби трансформаторҳои иқтидорашон 630/6кв ва 160/10кв, кандан ва ҷамъоварии об дар 2 адад обанбор 8000м3 ва 5200м3, баъдан бо истифода аз 1 адад пойгоҳи обкашӣ ва 1 адад дастгоҳи обкашӣ тариқи хатти обгузаронӣ ба масофаи 4200 метр бо қубурҳои қутраш 250 мм барои обёрӣ намудани зиёда 50 га замин дар марҳилаи аввал амалӣ карда мешавад. Барои пешбурди кор дар хоҷагии мазкур 3 адад вагонхона, 3 адад трактор, 1 адад булдозер ва 6 адад рихрител мавҷуд мебошад.


Бояд зикр намуд, ки бунёди боғҳои интенсивӣ, суперинтенсивӣ бо ҷалби мутахассисон барои дар солҳои минбаъда ба нақша гирифта шуда, дар се соли минбаъда 498 га замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ фаъолияти хоҷагии деҳқониро назаррас арзёбӣ карда, ба масъулин ҷиҳати аз ҳисоби заминҳои бекорхобида боз ҳам зиёд намудани майдони боғу токзорҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles