ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ БЕЗАРАРГАРДОНӢ БАР ЗИДДИ МАЛАХ


Имрӯз, 1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мавзеъҳои хурӯҷи малах, роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва нест кардани ин ҳашарати зиёновар дидан намуданд.

Дар талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои безараргардонӣ бар зидди малах имрӯз низ идома ёфт.

Бояд зикр намуд, ки корҳои кимиёвӣ бар зиди малахи марокашӣ аз моҳи март идома дошта, давоми се марҳила гузаронида мешавад.

Бар асари тағйирёбии иқлим имсол низ дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон – Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Шаҳритус ва Қубодиён хуруҷи малахи марокашӣ мушоҳида мешавад.

Ба назари мутахассисон малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефароянд.

Бояд зикр намуд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин вобаста ба безараргардонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, корро дар ин самт ҷоннок намуда, оид ба пешгирии домангустарии ҳашароти зараррасон тамоми чораҳо андешида шавад.

Бояд зикр намуд, ҳоло дар майдонҳое, ки малах пайдо шудааст, идорашаванда буда, дар муҳлати муқарраргардида безарар карда мешаванд.

Дар мавсими имсола мувофиқи дурнамо дар майдони 72895 гектар коркарди кимиёвии бар зидди малахи марокашӣ ба нақна гирифта шудааст, ки то имрӯз дар майдони 30803 гектар пайдоиш ва хуруҷи малах ба қайд гирифта шудааст ва ба ҳолати 27.04.2024 дар майдони 28715 гектар кардарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Аз он ҷумла, дар минтақаи Бохтар дар майдони 17695 гектар ва дар минтақаи Кӯлоб дар майдони 11020 гектар. Дар ин кор 20 адад тракторҳои дорупошӣ, 7 адад автомашинаҳои дорупошӣ, 636 адад дорупошакҳои дастии мотордор, батарегӣ ва насосодор ва бо ҷалби 780 қувваи корӣ сафарбар карда шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles