МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ ВИЛОЯТӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ГАРДИД!

Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон ба хотири оммавияти варзиш ва ҷалби тамоми табақа ба риштаҳои гуногуни варзиш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида истодааст.
Дар доираи истиқболи ҷашни Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят байни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Хатлон оғоз мегардад.
Дар чорабинии имрӯза намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Юсуф Амирхон иштирок намуда, қайд кард, ки варзиш фишанги асосии пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб буда, барои таҳким бахшидани дӯстию рафоқат ва ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши муассир дорад.
Намуди риштаи волейбол чун намуди футбол маъмул буда, барои оммавияти он тамоми тадбирҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон андешида шуда истодааст.
Дар чорабинӣ дастаҳои волейболбозон аз ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ имрӯз ҷалб гардиданд, боварӣ дорем, ки рақобатҳо шавқовар ва беҳтаринҳо муайян карда мешаванд.
Тазаккур бояд дод, ки барои рушди волейбол дар вилоят аз ин ҳам имкониятҳои мусоид фароҳам буда, умед аст, ки дар оянда бо самар татбиқ мешавад.

Related Articles