Диққат! Диққат! Диққат! ОЗМУНИ “РАИЯТПАРВАР”

Диққат! Диққат! Диққат! ОЗМУНИ “РАИЯТПАРВАР”
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ҷиҳати ёдоварӣ, тарғиби бештари сиёсати ҷавонпарварона, дастгириҳои ҳамешагии ятимону барҷомондагон ва умуман тамоми табақаҳои ҷомеа аз ҷониби Пешвои миллат озмуни ҷумҳуриявии “РАИЯТПАРВАР”-ро эълон мекунад.
Дар озмун тамоми қаламбадастони кишвар ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Қаҳрамони маводҳои иштирокчиён шахсоне шуда метавонанд, ки дар суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат буданд ва ё аз дастгириашон дар сартосари кишвар баҳравар гардидаанд.
Иштирокчиёни озмун маводҳои худро ме­тавонанд дар доираи жанрҳои публитсистии лавҳа, очерк, мусоҳиба ва ёддошт нависанд, ин­чунин ба онҳо имконият дода мешавад, ки дар баробари пешниҳоди маводҳои публитсистӣ дар шакли назм низ мавод пешниҳод намоянд.
Озмун аз 1-уми ноябри соли 2023 то 1-уми ноябри соли 2024 идома ёфта, дар арафаи Рӯзи Президент ҷамъбаст мегардад.
Ғолибони озмунро туҳфаҳои зерин интизор аст:
Шоҳҷоиза — 7 000 сомонӣ
Барои ҷойи аввал — 5 000 сомонӣ
Барои ҷойи дуюм — 3 000 сомонӣ
Барои ду ҷойи сеюм — 2 000 сомонӣ
Ҳамчунин, 5 иштирокчии ҷавони фаъол бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.
Маводҳои ба озмун пешниҳодшаванда дар ҳаҷми то шаш саҳифа бо ширифти Arial tj 14 қабул карда мешавад.
Иштирокчиён метавонанд маводҳоро ба почтаи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”- javonontj@mail.ru ё бевосита ба идораи МД рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ирсол намоянд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ 16, бинои Шарқи озод, ошёнаи якум.
Телефонҳо барои тамос: 2-38-51-09, 2-38-54-14,
988-23-03-91, 93-474-75-86

Related Articles