РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 107 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба баҳрабардорӣ расид, ки дар пайи он 610 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуд.
Ҳамчунин дар ин давра саноаткорони вилояти Хатлон ба маблағи 7 милярду 983,6 милён сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 694,6 милён сомонӣ зиёд мебошад.

Related Articles